Мизоҷони ҶСП ТАҚХ ” Сандук ” ҳуқуқ доранд шикоят / пешниҳодро оид ба сифати
хизматрасонии ТАҚХ  гузоранд. Ҳамаи муроҷиатҳои шумо аз ҷониби кормандони мо
ҳатман баррасӣ карда мешаванд.
Тартиби ирсоли муроҷиат
Муроҷиатҳои хаттӣ тавассути хаткашон, тавассути почта, ҳангоми қабули шахсӣ, бо роҳи
пешниҳоди эродҳо ва (ё) пешниҳодҳо дар китоби эродҳо ва пешниҳодҳо амалӣ карда
мешаванд. Китоби эродҳо ва пешниҳодҳо дар ҳар як бахши Ташкилот нигоҳ дошта мешавад ва
бо дархости аввалини шаҳрванд дастрас карда мешавад.
Муроҷиатҳои шифоҳӣ ҳангоми мулоқоти шахсӣ пешниҳод карда мешаванд. Қабули шахсӣ аз
ҷониби роҳбарияти Ташкилот ва роҳбарони филиалҳо тибқи ҷадвали қабули дар шӯъбаҳои
Ташкилот ҷойгиршуда, гузаронида мешавад. Инчунин муроҷиатҳои шифоҳӣ тавассути телефон
бо “Маркази тамос”-и Ташкилот бо рақами 446030707 қабул карда мешаванд.
Муроҷиатҳои электронӣ метавонанд ба идораи марказии Ташкилот тавассути почтаи
электронии: admin@sanduk.tj ё тавассути бахши махсуси вебсайти ташкилот ирсол карда
шаванд (бо роҳи пур кардани варақаи махсус)
Матни муроҷиатнома бояд хонданбоб бошад. Муроҷиатҳои дастӣ бояд бо хати возеҳ ва хонда
навишта шаванд. Истифодаи калимаҳо ва ибораҳои қабеҳ ё таҳқиромез дар муроҷиатҳо манъ
аст.
Дар муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон бояд номи шахси ҳуқуқӣ ё воҳидҳои он, номи пурраи
шаҳрванд, суроғаи ӯ, рақами телефон, изҳори моҳияти муроҷиат ва имзои шахсӣ мавҷуд
бошад.
Муроҷиатҳои электронӣ бояд ба талаботҳои дархостҳои хаттӣ ҷавобгӯ бошанд ва инчунин
суроғаи почтаи электронии аризадиҳандаро дар бар гиранд. Ҷавобҳо ба муроҷиатҳои
электронӣ ба тариқи электронӣ ба суроғаи почтаи электронии дар муроҷиати электронӣ
нишондодашуда фиристода мешаванд.
Ба самъи Шумо мерасонем, ки Ташкилот муроҷиатҳоеро, ки ба талаботҳои шикоятҳо ҷавобгӯ
нестанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва
воқеӣ” баррасӣ намекунад.
Мӯҳлати баррасии шикоятҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои
шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ” аз рӯзи бақайдгирии он дар Ташкилот оғоз меёбад

X