Loading...

Комплаенс

Мӯҳтарам мизоҷон ва шарикони ҶСП ТАҚХ “Сандуқ”!

Хуш омадед ба саҳифаи расмии Комплаенс.

Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ташкилот вазифаи идоракунии хавфи комплаенс роҳандозӣ шудааст.

Комплеанс яке аз унсурҳои муҳими системаи идоракунии Ташкилот мебошад, ки ба ҳимояи манфиатҳои муштариён, шарикон ва саҳмдорон нигаронида шудааст, аз ҷумла маҷмӯи чораҳо оид ба назорати мутобиқати фаъолияти Ташкилот ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои дохилии Ташкилот, ки тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо ва амалиёт дар бозори молиявӣ, инчунин қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, ки ба фаъолияти бонк таъсир мерасонанд, таъмин мекунанд.